Ссылки доступа

Узбекистон низоми миллии огаҳии пешакӣ аз зилзиларо роҳандозӣ мекунад


Дар Узбекистон низоми миллии огоҳисозии пешакӣ аз заминларза аз 1 декабри соли равон марҳала ба марҳала роҳандозӣ мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати адлияи Узбекистон, 18 май фармони президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба боз ҳам такмил додани низоми таъмини амнияти сокинон" ба имзо расидааст.

Тибқи фармон, ҳангоми 5 бал ларзидани қишри замин дар ду ва зиёда истгоҳҳои сейсмикӣ дар наздикии маркази зилзила сокинон тавассути барномаи "Огоҳӣ аз заминҷунбӣ" дар давоми чанд сония хабар дода хоҳанд шуд.

Фармон ҳамчунин роҳандозии "Платформаҳои электронӣ барои назорати сейсмологӣ дар обанборҳо"-ро низ пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG