Ссылки доступа

Жасарал Куанишалин - дигарандеши қазоқистонӣ фавтид


Жасарал Куанишалини 74-сола, дигарандеши қазоқистонӣ дар шаҳри Алматои он кишвар фавтид. Расонаҳо пештар аз бистарӣ шудани вай хабар дода буданд.

Ба гуфтаи фаъоли ҷамъиятӣ Ниёзбек Юсупов, Куанишалинро баъди нисфирӯзии 18 май "ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст кардаанд, аммо қалби вай тоб наовардааст".

Куанишалинро 16 май дар беморхона бистарӣ кардаанд.

Жасарал Куанишалин дигарандеш ва сиёсатмадори мухолифи қазоқистонӣ аст. Вай солҳои 1994-95 вакили Шӯрои олии Қазоқистон буд. Дертар ба ҷониби мухолифон гузашт ва аз амал ва тасмимҳои роҳбарияти Қазоқистон интиқод мекард. Солҳои охир мехост, ҳизби сиёсие сабти ном кунад, аммо вазорати адлияи он кишвар бо ҳар баҳонае ҳизби ӯро сабти ном накард.

XS
SM
MD
LG