Ссылки доступа

Раиси Бунёди ҳимоят аз рушди сайёҳии Қирғизистон бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд


Елена Калашникова, раиси Бунёди ҳимоят аз рушди сайёҳии Қирғизистон боздошт шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабар дод, исрофкории маблағҳоеро ошкор кардааст, ки ғайримақсаднок ва танҳо барои пардохти маоши кормандони бунёд сарф шудааст.

"Бо моддаи "фасодкорӣ" парванда боз шуд. Дар коргоҳи Бунёд кофтукоб сурат гирифта, ҳуҷҷатҳои молӣ мусодира шудааст", - хабар медиҳад КДАМ Қирғизистон.

Раиси бунёд ва муовинаш ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

XS
SM
MD
LG