Ссылки доступа

Як қазоқистониро бо айби қатли ҳамсараш 9 сол зиндон карданд


Додгоҳе дар Чимкенти Қазоқистон рӯзи 18 май Серик Жаналиевро дар қатли ҳамсараш айбдор ва 9 сол зиндон кард.

Жаналиев дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, айбро эътироф намекунад ва бо ҳукми додгоҳ розӣ нест.

Ба иттилои додгоҳ, Жаналиев ва ҳамсараш Сагида Байменова моҳи июни соли 2022 издивоҷ кардаанд. Шаби он рӯз миёни ин ҷуфт ҷанҷол бархост ва Жаналиев Байменоваро латту кӯб кардааст. Байменова дар натиҷаи ин латту кӯб фавтидааст, гуфтанд дар додгоҳ.

Хушунати хонаводагӣ яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Бино ба оморҳои расмӣ, бисёре аз занон дар Қазоқистон аз сӯи ҳамсарон ва ё ҳамхонаҳои худ хушунат мебинанд. Пулиси он кишвар ҳамасола бештар аз 100 ҳазор шикоят аз хушунат нисбати занон дарёфт мекунанд.

XS
SM
MD
LG