Ссылки доступа

Ҷабборов дар саммити Чин дар бораи марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон гуфт


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 19 май дар суханронияш дар нишасти сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Чин гуфт, ки Қирғизистон аз замони ба даст овардани истиқлолият ба ҳалли масоили марзӣ бо ҳамсоягони худ ба таври созанда бархӯрд мекунад.

"Таъйин ва аломатгузории хатти марзҳои давлатиро бо Чин ва Қазоқистон бо комёбӣ анҷом додем. Таъйини марзи Қирғизистону Узбекистон ҳам дар ҳамкорӣ бо Тошканд бо муваффақият анҷом ёфт. Ҳоло мо бо ҳамтоёни узбеки худ барои анҷоми аломатгузории марз фаъолона кор мекунем. Мо омодаем, ки бо Тоҷикистон низ дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ҳамкорӣ кунем", - изҳор доштааст ӯ.

Вай таъкид кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шангхай фаъолона кор мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, бо ибтикори Узбекистон ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо муваффақият ба кор шуруъ карда, қарор аст, нишасти панҷуми он тирамоҳи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шавад.

Тоҷикистон дар шимолу-шарқ бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст ва тули он тахминан 987 км-ро ташкил мекунад. Бо гузашти се даҳсола аз истиқлоли ҳарду кишвар, аз 987 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон бештар аз 300 километри дигар ҳанӯз бе аломату баҳсбарангез аст.

XS
SM
MD
LG