Онҳо 21 май муроҷиатномаеро низ ба унвонии раҳбарияти донишгоҳ фиристоданд. Матни он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.
Яке аз донишҷӯён Элхан Алибоев гуфт, "маърӯзаи Оқоев барои насле, ки ӯ замоне ояндаи онҳоро рабудааст, масхара мебошад".
Раҳбарияти донишгоҳ то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки Оқоев ҳамроҳи ҳамсараш Майрам Оқоева 18 май вориди Қирғизистон шуданд ва қарор аст, президенти пешин дар Академияи улум ва Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон суханронӣ кунад.
Дар Қирғизистон 24-уми марти соли 2005 эътирозҳои мардумӣ оғоз шуда, Аскар Оқоев пас аз 15 соли раҳбарии ин кишвар маҷбур шуд, ба хориҷ фирор кунад. Хонаводаи Оқоевҳо ба Русия паноҳ бурда, то ҳол дар онҷо зиндагӣ мекунанд.