Ссылки доступа

Кормандони ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Тошканд, ки сокинонро таҳдид карданд, ҳабс шуданд


Намояндагони як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Тошканди Узбекистон, ки бо сокинони маҳаллӣ низоъ доштанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд. Дар ин бора пулиси Тошканд рӯзи 21 май хабар дод.

Додгоҳ кормандони ширкатро дар "Майдаавбошӣ" айбдор ва 10-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ кард.

Рӯзи 17 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он дида мешавад, сокинон зидди сохтмони бинои нав эътироз доранд. Намояндагони ширкати "Franchising invest" ба эътирози сокинон бо таҳдид посух доданд.

Ширкати мазкур ҳанӯз соли 2018 қарори сохтмонро дарёфт карда будааст. Аммо мақомоти шаҳри Тошканд ба ширкат шарт гузошта буданд, ки ҳангоми сохтмон ризояти сокинони маҳаллиро ба даст орад.

XS
SM
MD
LG