Ссылки доступа

Туркманистон ҳанӯз ҳам маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро бекор накардааст


Туркманистон бо вуҷуди эъломи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ба поён расидани пандемияи коронавирус ё COVID-19 дар ҷаҳон маҳдудиятҳои марбут ба он, аз ҷумла супоридани тестро бекор намекунад.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ ва манобеъ дар Туркманистон гуфтанд, супоридани санҷиши коронавирус дар ин кишвар, аз ҷумла барои онҳое, ки аз хориҷ меоянд, ҳатмӣ мебошад.

Ҳамчунин мусофироне, ки аз хориҷ ба Туркманистон мераванд, бояд санҷиши коронавирусро супоранд. Арзиши супурдани озмоиш 130 манат, баробар ба 37 доллари амрикоӣ аст.

Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, мусофирон санҷиши коронавирусро дар фурудгоҳи шаҳри Ишқобод месупоранд.

Ҳамчунин имкони бурунрафт аз фурудгоҳи Ишқобод бидуни супурдани санҷиш низ вуҷуд дорад. Мусофироне, ки намехоҳанд тест супоранд, ғайрирасмӣ 50 доллар бояд пардозанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қаблан эълом карда буд, ки пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба поён расид.

XS
SM
MD
LG