Ссылки доступа

Оташи ҷангалҳои Русия ба ҳудуди Қазоқистон гузаштааст


Дар вилояти Абайи Қазоқистон бештар аз як ҳазор га ҷангал оташ гирифтааст, хабар медиҳанд мақомоти маҳаллии Абай.

Оташ дар ҳудуди Русия сар зада, рӯзи 22 май ба ҳудуди Қазоқистон гузаштааст.

"Шамоли сахт боиси густариши оташ шуда ва ба ин далел неруҳои бештар барои хомӯш кардани он ирсол гардид", - гуфт Максат Елемесов, як мақомдори вилояти Абай.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар мегӯяд, оташ ба минтақаҳои аҳолинишин хатар эҷод намекунад.

Барои хомӯш кардани он чархболҳои махсус низ ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG