Ссылки доступа

Дар Узбекистон онҳое, ки дар ҳуҷраи донишҷӯдухтарон дурбин гузоштанд, ҷарима шуданд


Собиқ муовини ректор ва се корманди пешини Донишкадаи омӯзгории Қӯқанди Узбекистон барои насби дурбинҳои махфии назоратӣ дар хобгоҳи донишҷӯдухтарон ҷарима шудаанд.

Тибқи иттилои Хабаргузории "Газета.уз", муовини пешини ректорро 4,5 миллион сӯм (ҳудуди 400 доллар) ва се корманди собиқро 3 миллион сӯм ҷарима кардаанд.

Сухангӯи Додгоҳи олии Узбекистон Азиз Обидов гуфт, собиқ муовини ректори Донишкадаи омӯзгории Қӯқанд дар "нақзи ҳарими хусусӣ" айбдор дониста шудааст.

Донишҷӯдухтарони Донишкадаи омӯзгории Қӯқанд қаблан шикоят карда буданд, ки дар хобгоҳҳои онҳо дурбинҳои назоратии пинҳонӣ насб карда шудааст.

Донишҷӯён дар суҳбат бо хабаргузории "Kun.uz" гуфтанд, ки маъмурияти донишкада 1 апрел онҳоро ба як маъракаи таблиғотӣ дар робита ба раъйпурсӣ фавран даъват карда, хостаанд, ки дари ҳуҷраҳои худро боз монанд. Ба онҳо гуфтаанд, ки мавҷи "Wi-Fi" заиф аст ва барои тақвияти он бояд дастгоҳи иловагӣ насб кунанд.

Духтарон ба ин гуфтаҳо шубҳа карда, баъди боз кардани қуттиҳои насбшуда муайян кардаанд, ки дар дохили онҳо дурбинҳои назоратӣ мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG