Ссылки доступа

Ду муҳоҷири меҳнатӣ дар натиҷаи таркиш дар маҳалли кори худ дар Петербург фавтиданд


Дар натиҷаи таркише, ки рӯзи 23 май дар вилояти Ленингради Русия рух дод, се тан фавтидааст.

Ба иттилои расонаҳои Русия, таркиш дар деҳаи Новосергиевк рух дода, дастгоҳе ҳангоми кафшергарӣ таркидааст.

Дар ин таркиш муҳоҷири меҳнатии 41-сола аз Узбекистон, муҳоҷири меҳнатии 50-сола аз Тоҷикистон ва марди 37-солаи сокини Санкт-Петурбурги Русия фавтидаанд.

Ҳамчунин дар ин ҳодиса се тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG