Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон даъвои мусиқинавози қирғизистониро нисбати мақомот рад кард


Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон даъвои мусиқинавози қирғизистонӣ Викрам Рузахуновро нисбати вазорати корҳои дохилии Қазоқистон рад кард.

Вакили мудофеи Рузахунов аз додгоҳ хост, вазорати корҳои дохилии Қазоқистонро водор созад, ки барои нашри навори мусиқинавоз дар моҳи январи соли 2022 расман узр пурсад.

Моҳи январи соли 2022 мақомоти Қазоқистон навори Рузахуновро тавассути телевизион нашр карданд, ки дар он мусиқинавоз "эътироф" мекард, ки дар ивази маблағ дар бетартибиҳо иштирок кардааст.

Хешовандони Рузахунов ӯро дар наворҳо шинохтанд ва пушти дари сафорати Қазоқистон дар Қирғизистон гирдиҳамоӣ ва озодии ӯро талаб карданд.

Баъд аз раҳоӣ Рузахунов гуфт, мақомоти Қазоқистон ӯро бидуни далел боздошт ва латту кӯб кардаанд. Рузахунов мақомоти Қазоқистонро ба додгоҳ кашид ва ҷуброн талаб кард.

XS
SM
MD
LG