Ссылки доступа

Мардеро дар Қирғизистон барои таҷовузи духтараш ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд


Додгоҳе дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон дар мавриди парвандаи таҷовузи духтари ноболиғ ҳукм содир кард.

Додгоҳ марди 43-соларо дар ин таҷовуз гунаҳкор эътироф ва ӯро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кардааст.

"Ҳангоми тафтишот бар асоси 42 ҳолат айб эълом шуда буд", - гуфт вакили мудофеи ҷониби ҷабрдида.

Мақомоти Қирғизистон дар бораи боздошти марде, ки духтари худро солҳои тӯлонӣ таҷовуз кардааст, моҳи марти имсол хабар доданд.

Ҷабрдида пештар дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, падараш ӯро аз соли 2012 - ҳангоме ки ҳамагӣ 7 сол дошт, таҷовуз мекардааст. Ҷабрдида гуфт, таҷовуз 10 сол давом кардааст. Вай танҳо баъди он ки барои таҳсил аз вилояти Ҷалолобод ба шаҳри Бишкек рафтааст, дар бораи таҷовуз шуданаш ба модараш нақл кардааст.

XS
SM
MD
LG