Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, нияти таъсиси давлати иттифоқиро надоранд ва шомили чунин давлат низ намешаванд


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар суханрониаш дар Форуми иқтисодии Авруосиё дар Москва гуфт, ҳангоми баррасии асосҳои идеологии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бояд мавҷудияти Давлати иттифоқиро дар симои Белорус ва Русия ба эътибор гирифт.

Руслан Желдибой, сухангӯи Тоқаев дар шарҳи ин суханҳои президенти Қазоқистон афзуд, Қазоқистон тасмим надорад, ки давлати иттифоқӣ таъсис диҳад ё узви чунин давлате шавад.

"Дар ҷараёни он ҷаласа президент чанд изҳороте дод, ки ҳоло дар доираи коршиносон баҳс мешаванд. Дар ин робита мехостам бигӯям, паёми калидии роҳбари давлат ин буд, ки ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё танҳо дар бахши иқтисодӣ идома мекунад. Берун рафтан аз ин бахш ҳадафҳо, усулҳо ва вазифаҳои санадҳои меъёрии созмони мазкурро зери суол мебарад", - навишт Желдибой дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Тоқаев рӯзи 24 май дар Москва суханронӣ кард. Вай дар он суханронӣ гуфт, ки бархурди ҳамгироӣ миёни Русия ва Белорус бо бархурди ҳамгироӣ миёни иштирокдорони дигари Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё фарқ мекунад.

Тоқаев илова кард, ки давлати иттифоқии Белорус ва Русия шакли "ду кишвар - як давлат"-ро дорад.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ин ҳарфҳои Тоқаев ба ин маъност, ки мавҷудияти Давлати иттифоқии Белорус ва Русия барои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё як мушкил аст.

XS
SM
MD
LG