Ссылки доступа

Мақомоти Тошканд парчами Украинаро аз айвони як сокин канданд


Парчами Украина, ки дар айвони яке аз манзилҳои истиқоматӣ дар ошёнаи 8-уми биное дар ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканди Узбекистон насб шуда буд, аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ канда шуд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки барои кандани парчам аз мошини сӯхторнишонӣ истифода мекунанд.

Раҷаб Латипов, соҳиби манзил гуфт, ин ҳодиса рӯзи 24 май рух додааст. Вай афзуд, замони кандани парчам дар манзилаш касе набуд ва вай ҳамроҳи ҳамсараш дар Туркия қарор доштаанд.

Латипов илова кард, ки пеш аз кандани парчам касе ба вай тамос гирифта ва худро корманди мақомот муаррифӣ кардааст.

"Пурсид, ки оё манзил ба ман тааллуқ дорад? Ҳамчунин пурсид, ки оё ман ва ё ҳамсарам шаҳрванди Украина ҳастем? Ман гуфтам, ки не. Баъд пурсид, ки чаро парчами Украина дар айвони ман овезон аст", - нақл кард соҳиби манзил.

Ба нақли соҳиби манзил, мақомот аз вай хостаанд, ки парчамро бигирад.

Кандани парчами Украинаро аз айвони ин сокин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасӣ доранд. Бархе аз корбарон аз ин амали мақомоти Тошканд интиқод карданд. Вазорати корҳои дохилии Узбекистон ҳанӯз ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG