Ссылки доступа

Ҷабборов баъди норозигиҳо гуфт, пешниҳоди андоз барои чорводориро рад кардааст


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфтааст, аз ташаббуси ҷорӣ кардани андоз барои чорвопарварӣ дар кишвараш ҷонибдорӣ намекунад.

Сухангӯи президенти Қирғизистон Дайирбек Орунбеков дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, ки ташаббуси бархе аз вакилони порлумон барои ҷорӣ кардани ин навъи андоз дар ҷомеаи он кишвар норозигиҳоеро ба миён оварда, ҳатто баъзеҳо онро ҳамчун мавқеи ҳукумат арзёбӣ кардаанд.

"Бо фармони президент дар моҳи апрели соли 2022 ба кишоварзон имтиёзҳо дода шуда, соҳибони заминҳои кишоварзӣ ба муҳлати 3 сол аз андоз озод гаштаанд. Баъди анҷоми ин муҳлат масъалаи озод кардан аз андози замин дубора баррасӣ мешавад. Президент аз ташаббуси вакилон дар мавриди ҷорӣ кардани андоз барои чорводорӣ ҷонибдорӣ намекунад”, - навиштааст Орунбеков.

Қаблан вакили порлумони Қирғизистон Женишбек Токторбаев пешниҳод кард, ки барои чорводорӣ андоз ҷорӣ карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, чорводорон барои ҳар як гусфанду буз 100 сом ва барои чорвои калон 250 сом бояд андоз супоранд.

XS
SM
MD
LG