Ссылки доступа

Дар Тошканд як ҷавони 21-сола дар шуъбаи пулис ҷон додааст


Додситонии кулли Узбекистон сабабҳои марги ҷавони 21-солаеро, ки 22 майи имсол боздошт ва ба шуъбаи пулиси ноҳияи Чилонзори вилояти Сурхандарё интиқол дода шуда буд, тафтиш мекунад.

Сухангӯи додситонӣ Ҳаёт Шамсуддинов 29 май дар як нишасти хабарӣ гуфт, маъмурони пулиси Чилонзор субҳи 22 май сокини маҳаллӣ Х.Т-ро бо гумони "нигаҳдории 53,52 грам бангдона" боздошт ва ба шуъба бурда, зиддаш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Узбекистон, ҷавони гумонбар гӯиё "бо иҷозати маъмурон ба ҳоҷатхона рафта, худро аз тирезаи ҳоҷатхона, ки дар чорум ошёна қарор дорад, ба замин партофтааст". Дар натиҷа ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷумла сараш осеб дидааст.

Ҷавон 29 май дар беморхона ба ҳуш наомада ҷон додааст.

Хабаргузории "Kun.uz" ному насаби ҷавонро Ҳафизулло Турғунбоев навишта, таъкид кардааст, ки наздиконаш бовар надоранд, ӯ худро аз чорум ошёна ба замин партофта бошад. "Ягон узви бадани Турғунбоев, на даст ва на пой ӯ шикастагӣ набуд. Ҷароҳатҳо танҳо дар рӯй ва сари ӯ дида мешуд. Ӯ як одами азимҷуса буд ва чи хел метавонист худро аз тирезачаи ҳоҷатхона ба замин партояд?! Мо аз табибон пурсидем, ки дар мавриди сабаби марги Ҳафизулло ягон шубҳа доранд, онҳо гуфтанд, ки дар ин замина танҳо дар додгоҳ суҳбат мекунанд", - гуфтаанд наздикони ҷавон ба "Kun.uz".

XS
SM
MD
LG