Ссылки доступа

Қурбониёни "ҳодисаҳои январӣ"-и Қазоқистон аз ҳаҷми ҷуброн норозиянд


Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон шикояти сокини маҳаллӣ Тлеужан Сайлауулиро, ки дар доираи парвандаи шиканҷа дар ҷараёни "ҳодисаҳои январӣ" ҳамчун ҷабрдида эътироф шудааст, қисман қонеъ кард.

Додгоҳ ҷониби ҷавобгар, Вазорати молияи Қазоқистонро вазифадор кард, ки ба ҷабрдида дар ҳаҷми 1 миллион танга (2245 доллари амрикоӣ) ҷуброн пардозад.

Тлеужан Сайлауулӣ мегӯяд, аз ин қарори додгоҳ розӣ нест. Ӯ талаб дорад, ки барояш 20 миллион танга ҷуброни маънавӣ ва харҷи вакили дифоъро пардозанд.

Сайлауулӣ панҷ рӯз баъд аз ҳодисаҳои январӣ"-и Қазоқистон дар минтақаи Уст-Каменогорски ин кишвар дастгир ва ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро дар аввал ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ айбдор карда, сипас ба далели исбот нашудани ҷурмаш озод карданд.

Қаблан додгоҳи Остона шикояти ҷабрдидаи дигари "ҳодисаҳои январӣ" Ренат Жубаковро, ки 30 миллион танга ҷуброни маънавӣ талаб дошт, қисман қонеъ карда буд. Додгоҳ қарор кард, ки ба ӯ 5 млн танга пардохт карда шавад.

XS
SM
MD
LG