Анҷумани ҳизби демократии Узбекистон "Миллий тикланиш" (Эҳёи миллӣ) рӯзи 31 май баргузор ва дар он тасмим гирифта шуд, ки аз номзадии президенти амалкунанда ҳимоят карда шавад.
"Ман бар ин боварам, ки тасмими мо аз нуқтаи назари манфиатҳои давлат, мардум ва ҳизб дурусттарин тасмим аст", - гуфт Алишер Қодиров, раиси ин ҳизб.