Ссылки доступа

Дар порлумони Қирғизистон истеъфои раиси Додгоҳи конститутсиониро талаб доранд


Вакили порлумони Қирғизистон Жанар Оқоев дар ҷаласаи 1 июн қарори Додгоҳи конститутсионии ин кишварро барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ зидди вакилон бе розигии порлумон танқид кард.

Ба гуфтаи Оқоев, акнун вакилони порлумони Қирғизистон бояд ба регламент тағйирот ворид кунанд. Ҳамчунин ӯ пешниҳод кард, ки раиси Додгоҳи конститутсионии ин кишвар ба истеъфо фиристода шавад.

"Дар Конститутсия гуфта шудааст, ки вакили порлумон барои изҳори назараш набояд таъқиб шавад. Зоҳиран, акнун мо аз минбари порлумон танҳо дар бораи чорводорӣ метавонем суҳбат кунем", - афзуд Оқоев.

Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон ахиран қарореро содир кард, ки ҳатмӣ будани иҷозати порлумонро барои боздошти вакилонаш бекор мекунад.

XS
SM
MD
LG