Ссылки доступа

Дар Индонезия се узбекистонӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир шудааст


Пулиси Индонезия дар ҷазираи Балии ин кишвар 7 кас, аз ҷумла 6 шаҳрванди хориҷиро бо гумони қочоқи маводи мухаддир дастгир кардааст.

Расонаи "Kompas" бо истинод ба пулис хабар дода, ки дар миёни боздоштшудаҳо се шаҳрванди Узбекистон низ ҳастанд.

Маъмурони пулис гуфтаанд, ки дар аввал шаҳрванди Узбекистон бо номи Азаматро дастгир карданд. Дертар шарикони дигари Азамат - ду шаҳрванди Узбекистон Ю.О., М.А. ва ду шаҳрванди Русия Денис Комарову Денис Романов низ ошкор ва дастгир карда шудаанд.

Аз дастгиршудаҳо 1678 грамм марихуана ва 67 грамм каннабис мусодира гаштааст. Русиягиҳо даст доштани худро дар қочоқи маводи мухаддир рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG