Ссылки доступа

Барои бунёди "Тошканди нав" 19,7 ҳазор ҳектар замин ҷудо шудааст


Дар Узбекистон барои бунёди шаҳри "Тошканди нав" аз ҳисоби ноҳияҳои Юкоричирчиқ ва Уртачирчиқ 19,7 ҳазор ҳектар замин ҷудо шудааст.

Дар ҳукумати вилояти Тошканд гуфтанд, ки аз ин миён, тақрибан 13 ҳазор ҳектар замини кишоварзӣ буда, ҷамъан ба 772 шаҳрванди Узбекистон тааллуқ доштанд.

Бунёди шаҳри "Тошканди нав"-ро президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 31 августи соли 2021 пешниҳод карда буд. Ӯ 18 марти имсол санги асоси ин шаҳрро, ки дар шарқи пойтахти Узбекистон сохта мешавад, гузошт. Ба гуфтаи президенти Узбекистон, ба шаҳри нав тадриҷан идораҳои давлатӣ низ кӯчонида мешаванд ва Тошканди қадимӣ ба "минтақаи сабз" табдил хоҳад ёфт.

Тибқи лоиҳа, дар 20 ҳазор ҳектар замин бояд барои 1 миллион шаҳрванд хона сохта шавад. Аз ҷумла барои 60 ҳазор нафар бинои зисти баландошёна, 30 мактаб, 20 боғча, бемористон ва 5 дармонгоҳ бунёд карда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG