Ссылки доступа

Эътирози бекорон дар Жанаозени Қазоқистон идома дорад (видео)


Ширкати "КазМунайГаз"-и Қазоқистон гуфт, санҷиши корхонаҳои хидматрасонии нафтӣ дар Жанаозен, ки баъди эътирозӣ коргарон оғоз шуда буд, ҳанӯз ба поён нарасидааст.

Коргарони норозии Жанаозен 30 май муроҷиати навбатии худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд. Онҳо гуфтанд, талабҳояшон ҳанӯз ҳам иҷро нашудааст ва "КазМунайГаз" ҳам натиҷаи санҷишро ошкор намекунад.

Ҳамоиши эътирозии коргарон дар Жанаозен идома дорад. Онҳо дар назди коргоҳи "Озенмунайгаз" ҷамъ шудаанд.

Нафткашҳои норозӣ 1 июн дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як рӯз пеш намояндагони ширкати "Молдир Мунай Сервис" ба назди онҳо рафта, ҷойи кор пешниҳод карданд. Вале ҳамаи ҷойҳои корӣ муваққатӣ буданд.

Нафткашҳо гуфтанд, ҳар рӯз дар назди коргоҳи "Озенмунайгаз" ба нишони эътироз ҷамъ шуда, ироаи талабҳои худро идома хоҳанд дод.

Даҳҳо сокини Жанаозен 10 май бо талаби ҷойи кор дар корхонаҳои нафти ин минтақа дар назди бинои шаҳрдорӣ гуруснанишинӣ эълом карда буданд. Пулис ҳамаи онҳоро боздошт карда, дертар гуфт, 17 нафар баъди "суҳбат" озод шуданд.

XS
SM
MD
LG