Ссылки доступа

Мудири як фурӯшгоҳи силоҳи Қазоқистон 5 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар Костанайи Қазоқистон имрӯз ҳукми худро дар робита ба ҳалокати чаҳор касе, ки соли гузашта дар натиҷаи таркише дар як фурӯшгоҳи силоҳ ҷон доданд, содир кард.

Хабаргузории маҳаллии "Алау" иттилоъ дода, ки додгоҳ мудири фуршгоҳи "Сатурн-2012" Сергей Бескровнийро дар "нақзи талаботи бехатарии зидди сӯхтор" ва "беэҳтиётӣ, ки боиси марги чаҳор нафар шудааст" гунаҳкор дониста, ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Қаблан додситон барои Бескровний 5 соли зиндон ва маҳрум шудан аз ишғоли вазифаҳои раҳбарӣ ба муҳлати се сол талаб карда буд.

Худи Бескровний гунаҳкор будани худро рад карда, гуфт, муфаттишон натавонистанд сабаби асосии таркиш дар фурӯшгоҳи силоҳро муайян созанд.

Тибқи маводи парванда, ба фурӯшгоҳ 2-юми сентябри соли 2022 аз Темиртау 40 кило борут ворид шуда буд. Ба гуфтаи додситонӣ, Бескровний рӯзи 3 сентябр кормандашро ба таҳхонаи фурӯшгоҳ фиристод ва пас аз чанд дақиқа таркиш рух дода, дар натиҷа чаҳор кас ҷон бохтанд.

Мутахассисон гуфтанд, нигаҳдории борут дар таҳхона хилофи қоидаҳои бехатарӣ аст. Дар натиҷа зидди Бескровний парванда боз шуд.

XS
SM
MD
LG