Ссылки доступа

Молики пешини "Урал" тиҷораташро дар Узбекистон ва Қазоқистон идома доданист


Соҳибкор Дмитрий Стрежнев дороиҳои корхонаи мошинсозии "Урал"-ро дар шаҳри Миасси вилояти Челябински Русия ба раҳбарияти ширкат фурӯхтааст.

Ин хабарро дар хадамоти матбуотии корхона дар суҳбат бо хабаргузории "Интерфакс" тасдиқ карданд. Ҷузъиёти дигари ин хариду фурӯш ифшо намешавад.

"Урал" яке аз корхонаҳои мошинсозӣ аст, ки аз 17 декабри соли 2022 таҳти таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор дорад.

Манбаи огаҳ аз хариду фурӯши корхона ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки Стрежнев мехоҳад тиҷорати худро дар Узбекистон ва Қазоқистон идома диҳад. Ба гуфтаи манбаъ, Стрежнев тасмим дорад, дар ин кишварҳо бо истеҳсоли мошинҳои роҳсозӣ, кишоварзӣ ва қисмҳои онҳо машғул шавад.

Тибқи иттилои маҷаллаи "Forbes", Стрежнев дар раддабандии шахсони сарватманди Русия дар мақоми 167-ум қарор дошта, дороии ӯ соли 2021 750 миллион доллар арзёбӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG