Ссылки доступа

Шаҳрванди Русия мехост, бар ивази $140 ҳазор дар Узбекистон замин харад


Як шаҳрванди Русия ҳангоми кушиши ғайриқонунӣ гирифтани 14 ҳектар замин дар вилояти Фарғонаи Узбекистон дастгир шудааст.

Дар Вазорати умури дохилии Узбекистон гуфтанд, ки шаҳрванди Русия мехост, ин заминро бар ивази 140 ҳазор доллар ғайриқонунӣ соҳиб шавад.

Боздошти шаҳрванди Русия баъди шикояти як сокини 26-солаи вилояти Фарғона ба маъмурони мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ имконпазир шудааст.

Шаҳрванди Русия, ки дар Қирғизистон таваллуд шудааст, мехост бар ивази 140 ҳазор доллар боғеро дар Фарғона соҳиб шавад. Вай ҳангоми пешниҳоди 15 ҳазор доллар ҳамчун пешпардохт дастгир гаштааст.

XS
SM
MD
LG