Ссылки доступа

Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Чолпон-Ота


Мулоқоти дуҷонибаи раҳбарони Қирғизистон ва Тоҷикистон - Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Ота оғоз шудааст. Ин хабарро сухангӯи президенти Қирғизистон Эрбол Султонбоев тасдиқ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар ин вохӯрӣ кадом масъалаҳоро баррасӣ хоҳанд кард, дар ҳоли ҳозир маълум нест. Сухангӯи Ҷабборов гуфт, тафсилоти вохӯрӣ дертар расонаӣ хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 2-юми июн барои ширкат дар нишасти дуюми сарони кишварҳои "Осиёи Миёна-Иттиҳоди Аврупо" ба Қирғизистон сафар кард. Ба иттилои Дафтари матбуоти раёсатир ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар масоили иқтисодӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо ва афроди дигари расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳукумати Қирғизистон ҳам хабар дод, ки даври нави мулоқоти раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва масъули Шӯрои Аврупо дар Чолпон-Ота баргузор хоҳад шуд.

Раҳбарони Осиёи Марказӣ ва масъули Шӯрои Аврупо бори охир моҳи октябри соли 2022 дар Қазоқистон вохӯрда буданд. Он замон чанд созмони бонуфуз аз Шарл Мишел хостанд, ки бад шудани вазъи ҳуқуқи одамонро дар кишварҳои минтақа матраҳ кунад, вале бештар ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Мулоқоти нав дар ҳоле сурат мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо аз эҳтимоли мадад кардани баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия барои давр задани таҳримҳои Ғарб ташвиш доранд. Онҳо ҳушдор додаанд, ки дар сурати тасдиқи ёриҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Маскав, худи онҳо зери бори таҳрим хоҳанд монд

XS
SM
MD
LG