Ин пешниҳоди Тоқаев дар ҷаласаи раҳбарони "Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо" дар Қирғизистон ироа шудааст.
Қазоқистон дар панҷ моҳи соли равон ба корхонаи "Шведт"-и Олмон, ки қабл аз ҷанг ба "Роснефт" тааллуқ дошт, 90 000 тонна нафт фиристодааст. Остона бо ин суръат то охири сол метавонад ба Олмон 200 ҳазор тонна нафт диҳад. Аммо ба гуфтаи Тоқаев, кишвараш омода аст, ки интиқолро дасти кам 6 маротиба афзоиш диҳад.
"Имкони то 1 миллиону 200 ҳазор тонна расондани ин рақам ва афзоиши он дар оянда вуҷуд дорад", - гуфтааст ӯ.
Қазоқистон дар умум интиқоли нафтро ба Иттиҳоди Аврупоро дар соли 2023 афзоиш дод. Тибқи маълумоти Бюрои омори миллии Қазоқистон, ин кишвар дар семоҳаи аввали имсол 71%-и нафтро ба Иттиҳоди Аврупо содир кардааст. Дар ҳоле ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 65% буд.