Ссылки доступа

Мудири як мактаб дар Хатлон бо гумони озори ҷинсии хонандагон боздошт шудааст


Мудири як мактаби таҳсилоти ҳамагониро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо гумони озори ҷинсии ду хонандаи мактаб боздошт кардаанд.

Мақомот расман ҳодисаро шарҳ надодаанд, вале як манбаъ аз мақомоти интизомӣ бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 4-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Г. Н, мудири ин мактабро барои “рафтори берун аз одоби педагогӣ бо хонандагон” дастгир кардаанд.

Ӯ гуфт, ду хонандаи синфи 10 ва 11-и ин мактаб шикоят кардаанд, ки мудири мактаб талоши ба бадани онҳо даст расондан кардааст.

Ҳанӯз нисбат ба мудири мактаб парвандае боз нашудааст ва ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, ӯ ҳоло дар шӯъбаи КДАМ дар ин ноҳия нигаҳдорӣ мешавад.

Наздикони мудири мактаб нахостанд мавзуро шарҳ диҳанд, вале гуфтанд, ки ба бегуноҳиаш бовар доранд ва умедворанд, ба зудӣ раҳо мешавад.

Дар гузашта низ боздошти омӯзгорон бо гумони озори ҷинсӣ ва таҷовузи хонандагон расонаӣ шуда буд.

Аз ҷумла, ду соли пеш омӯзгори як мактабо барои таҷовузи хонандае ба 17 соли зиндон маҳкум карда буданд.

Тирамоҳи соли 2019 додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Норакро бо гуноҳи, ба истилоҳ, рафтори шаҳвонӣ, ба 17,5 соли зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG