Ссылки доступа

Додгоҳи Узбекистон шикояти гумонбарони ҳодисаҳои Нуқусро баррасӣ кард


Додгоҳи олии Узбекистон баррасии шикояти 16 гумонбар дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистонро, ки ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд, ба поён расонда, 5 июн ҳукми худро эълом мекунад.

Қарор аст, додгоҳ имрӯз ҳамчунин ҳукми худро ба эътироз дар робита ба ҳукми шартии 4 гумонбари дигар низ эълом кунад.

Баррасии шикояти гумонбарон 5 майи имсол оғоз шуд ва дар он, аз ҷумла шикояти рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродов, ки ҳамчун ташкилкунандаи асосии эътирозҳои тобистони соли 2022 дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон 16 сол зиндонӣ шудааст, баррасӣ карда шуд.

Ба ҷуз ин, шикояти додситонии Узбекистон ҳам, ки ба ҳукми додгоҳ нисбат ба бархе аз маҳкумшудаҳо, аз ҷумла Лолагул Каллиханова, Азамат Турданов, Ахмет Сметуллаев ва Азамат Нуратдинов эътироз карда буд, баррасӣ гашт. Додгоҳ онҳоро шартан аз озодӣ маҳрум ва аз толори додгоҳ озод карда буд.

Додгоҳи Бухоро рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродовро 16 сол ва 15 тани дигари иштирокдорони эътирозҳоро аз 3 то 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.

Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.

XS
SM
MD
LG