Ссылки доступа

Як шаҳрванди Қазоқистон барои эътироз дар назди додгоҳ 5 рӯз ҳабс шудааст


Додгоҳи Қарағандаи Қазоқистон сокини маҳаллӣ Сания Звереваро барои эътироз дар назди бинои додгоҳи вилоятӣ 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кард.

Ин зан рӯзҳои 1 ва 2 июн зидди "беамалии додгоҳ" дар робита ба "иҷрошавии пеш аз муҳлати ҳукм" эътироз карда буд.

Додгоҳи ноҳияӣ қаблан Сания Звереваро дар доираи як баҳси шаҳрвандӣ вазифадор кард, ки ба ҷониби даъвогар ҷуброни маънавӣ пардозад. Ин ҳукм бе додани имкони шикоят аз болои он мавриди иҷро қарор дода шуд.

Дар натиҷа Сания Зверева ду рӯз ба нишони эътироз ба назди бинои додгоҳ рафт. Вай гуфт, то ҳалли мушкилаш бо ашёи худ дар назди бинои додгоҳ мемонад, чун ҳисобҳои бонкияш бо қарори додгоҳи зинаи поёнӣ ҳабс шудаанд ва пуле надорад, ки ҳаққи манзили иҷораашро пардозад.

Звереваро 1 июн огоҳӣ дода, ба шарти тарк кардани назди бинои додгоҳ раҳо карданд ва рӯзи 2 июн ӯ боздошт шуд. Вайро дар нақзи "Тартиби баргузории ҷамъомадҳои осоишта" айбдор эълом карданд.

XS
SM
MD
LG