Ссылки доступа

Дар Узбекистон маъракаҳои интихоботӣ аз 7 июн оғоз мешаванд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбекистон дар ҷаласаи 5 июн номзадҳо ба мақоми президентии ин кишварро дар интихоботи 9 июл ба қайд гирифтааст.

Хабаргузории "УзА" хабар дода, ки тибқи қарори комиссия, маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар Узбекистон 7 июн оғоз мешаванд.

Улуғбек Иноятов аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат", Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ ва Шавкат Мирзиёев аз ҳисоби Ҳизби либерал-демократии Узбекистон номзад ба мақоми президентии он кишвар шуданд.

Маъракаҳои пешазинтихоботии номзадҳо то 7 июли имсол идома карда, 8 ва 9 июл рӯзҳои хомӯшӣ эълом шудааст.

Интихоботи зудрас дар Узбекистон ба рӯзи 9-уми июл таъйин шудааст.

Шавкат Мирзиёеви 66-сола, президенти ҳозираи Узбекистон ба даври дувуми панҷсолаи президентӣ соли 2021 интихоб шуда буд. Пирӯзӣ дар интихоботи пеш аз муҳлат дар соли ҷорӣ ба вай имкон медиҳад, ки 14 соли дигар сари қудрат бимонад.

Мирзиёев баъд аз марги президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов дар соли 2016 ҷилави ҳукуматро ба даст гирифт.

XS
SM
MD
LG