Ссылки доступа

Дар Қазоқистон 39 қудратӣ дар шиканҷаи боздоштшудаҳо айбдор мешаванд


Додситонии кулли Қазоқистон хабар дода, ки дар ҳоли ҳозир 39 корманди ниҳодҳои интизомии ин кишвар барои "истифодаи усулҳои ғайриқонунии тафтишот" ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар хадамоти матбуотии додситонӣ гуфтанд, ки дар натиҷаи амали ин кормандони интизомӣ ҷамъан 88 шаҳрванди Қазоқистон осеб дидааст.

Ҳамчунин санҷишҳо муайян кардааст, ки 900 дурбини назоратӣ дар идораҳои пулис ва муассисаҳои ислоҳии Қазоқистон кор намекардаанд. Дар натиҷа 19 сардори шуъбаҳои пулис ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.

Дар ҳодисаҳои "январӣ" ҳазорон кас дар Қазоқистон боздошт ва садҳо тан бо гумони "терроризм", "иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ", "дуздии аслиҳа" ва дигар ҷиноятҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Бисёрии боздоштшудҳо аз шиканҷа шудан дар мақомоти интизомии он кишвар хабар доданд.

XS
SM
MD
LG