Ссылки доступа

Қирғизистон як мухолифи ҷанги Украинаро ба Русия супурд


Шаҳрванди Русия Алексей Рожков, ки дар оташ задани комиссариати ҳарбӣ дар наздикиҳои шаҳри Екатеринбург айбдор мешавад, аз Қирғизистон ба ватан истирдод шудааст.

Тарҳи ҳомии ҳуқуқи "Зона солидарности" иттилоъ дода, ки Рожков дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳ қарор дорад ва додгоҳи Березовский баррасии парвандаашро аз сар гирифтааст.

"Зона солидарности" менависад, Рожков яке аз нахустин фаъолони Русия буд, ки моҳи марти соли 2022 дар эътироз ба ҷанги Украина бинои як комиссариати ҳарбиро оташ зад.

Рожковро он замон дастгир карданд, вале ӯ дертар ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шуд. Вай баъди он ки Ситоди кулли Русия гуфт, оташзадани бинои комиссариати ҳарбӣ амали террористӣ эътироф хоҳад шуд, дар моҳи декабри соли 2022 аз кишвар ба Қирғизистон фирор кард.

Дар Русия соли 2022 кушиши оташ задани бинои комиссариатҳои ҳарбӣ дар эътироз ба ҷанги Украина 77 бор сурат гирифтааст. Ин ҳолатҳо дар аввал "авбошӣ" ва "расонидани зарар ба амволи ғайр" дониста мешуданд, вале баъдан амали террористӣ арзёбӣ гаштанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ингуна иқдомҳои зиддиҷангӣ набояд ба терроризм рабт дода шаванд.

XS
SM
MD
LG