Ссылки доступа

​​​​​​​Муҳриддин ва Лавров мушкили муҳоҷиронро баррасӣ кардаанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Муҳриддин ва Лавров мушкили муҳоҷиронро баррасӣ кардаанд.​ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот бо ҳамтояш аз Русия масъалаи муҳоҷирони тоҷикро дар миён гузошт. Вохӯрии онҳо рӯзи 6-уми июн дар Душанбе баргузор шуд. Тақрибан се ҳафта боз тафтишу боздошт, ҷарима ва латукӯбу ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст. (видео)

- Коршиносон дар бораи сафари Лавров ба Душанбе чӣ гуфтанд. Дар пасманзари боздошту латукӯби муҳоҷирони тоҷик сафари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе нохудогоҳ ба ин воқеаҳо рабт дода шуд. (видео)

- "Фирори мағзҳо" аз Тоҷикистон ба Русия чӣ қадар зиён расонд? “Фирори мағзҳо” ё аз Тоҷикистон рафтани мутахассисон ба иқтисоди кишвар “қариб 80 миллиард доллар” зарар овардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Русия чунин мутахассисонро ба кишвари худ даъват мекунад ва шароити беҳтар медиҳад. (видео)

- Финляндия дар марз бо Русия девор месозад (видео)

- Паноҳҷӯёни афғон чаро боз ба назди Толибон бармегарданд? (видео)

- "Хоҳиш дорем, халқро гӯш кунанд." Баҳси сокинони як деҳа бо ҳукумат дар Фархор. Сарнавишти варзишгоҳи мактаби деҳаи "Навободи поён"-и Фархор сокинонро нигарон кардааст. (видео)

- Сабаби бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия чӣ аст? ​Видеову гузоришҳо дар бораи бадрафтории мақомоти интизомии Русия бо муҳоҷирони тоҷик хашми корбарону мақомоти Тоҷикистон ва баҳси зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Баҳси навбатӣ дар "Гапи озод" дар бораи сабабҳои афзоиши азияту озори муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст. (видео)

- “Муҳоҷирони тоҷик дар Русия пушту паноҳ надоранд”.​ “Муҳоҷирони тоҷик пушту паноҳ надоранд”; “аз ин манзара нигаронем”; “ҳангома сохтан аз рӯйи инсоф нест”... Вокуниши чанд сокини Душанбе ба навори боздошту латукӯби муҳоҷирони тоҷик дар Русия чунин аст. Видеоро бинед ва фикру назари худро нависед. (видео)

- Азияти муҳоҷирон дар Русия аз куҷо маншаъ мегирад? ​Боздошти дастҷамъии муҳоҷирони тоҷик дар Русия бештар ба як корзори сиёсӣ монанд аст. Ҳадафаш чист? (видео)

- Чаро тоҷиконро дар Русия "чап" гирифтанд? ​Тайи ҳафтаҳои охир тафтиш, боздошт ва латукӯбу ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст. Мақомоти Русия сабаби чунин бархӯрдро бо зодагони Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд. Камаш се ниҳоди давлатии Тоҷикистон аз идораҳои масъули Русия хостаанд, ки қазияро баррасӣ кунанд, вале вазъ чандон дигар нашуда. (видео)

- Боздошти як гуруҳ аз муҳоҷирон дар Маскав.​ Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дар як варзишгоҳ дар ноҳияи Можайскии пойтахти Русия дастгир кардаанд. Шарҳи расмии боздошти онҳо маълум нест. Назари муҳоҷирон низ. Расонаҳои Русия аз қавли мақомот навиштанд, ки боздошти муҳоҷирон шоми 28-уми май ва бар асоси муроҷиати сокинони маҳаллӣ сурат гирифт. (видео)

- "Тоқаев дар нишасти Москва чӣ гуфт? (видео)

- Дар Қазоқистон шумори қарздорони навъи ипотека меафзояд. (видео)

- Киштзорҳои деҳқонони Панҷакент дар баҳор хазон шудаанд.
Қисме аз деҳқонони шаҳри Панҷакент аз набудани об шикоят доранд. Дар мавзеи дашти Қозӣ ва Рукнободи Панҷакент, бо сабаби корношоям шудани пойгоҳҳои обкашонӣ, садҳо гекатар замин ташналаб мондааст. Гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ҳафтаи аввали моҳи май сабт шудааст (видео)

- Ҷазира мегӯяд, падараш даҳ сол ӯро таҷовуз кард. Як духтари 19-сола дар Қирғизистон мегӯяд, даҳ сол аз сӯйи падараш таҷовуз шудааст. Ҷазира (Жазира, ном иваз карда шудааст), ки тамоми ин муддат аз тарс ба касе лаб накушода буд, ба зидди падараш ба Додгоҳ шикоят бурд. Мардро рӯзи 25-уми май ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд (видео)

- Гуфтугӯ бо раҳбари пешини Маркази тоҷикони Узбекистон.
Донишманди узбекистонӣ Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ (Холмуъминов) мегӯяд, солҳои охир таълиму тарбия ба забони тоҷикӣ беҳбуд ёфт, вале ҳанӯз ҳам мушкил зиёд аст (видео)

- Аслиҳаи тактикии ҳастаии Русия дар куҷое аз Белорус ҷойгир карда мешавад (видео)

- Овозхон Тина Тернер фавтид. Вай бо чӣ меросе дар ёдҳо мондааст (видео)

- Остона сафири пешниҳодкардаи Киевро қабул накард. Оё Кремл дахолат кард? (видео)

- Чаро Қазоқистону Чин дар бораи шаҳрвандони худ табодули иттилоъ мекунанд? (видео РК)

- Мақомоти Қирғизистон талош доранд, бахши шаҳрвандиро зери назорат гиранд (видео)

- Мусоҳиба бо ҳамсари Баҳрома Ҳароев – ҳомии ҳуқуқи созмони "Мемориал", ки 14 сол зиндонӣ шудааст (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG