Ссылки доступа

Дар Узбекистон як мард барои латтукӯби духтараш се сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Қашқадарёи Узбекистон рӯзи 7 июн як мардро бо гуноҳи таҳқири мунтазам, шиканҷа ва латтукӯби духтари 14-солааш 3 сол зиндонӣ кардааст.

Додситонии кулли Узбекистон 19 апрели имсол зидди ин мард баъди нашри навори латтукӯби духтараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар видео дида мешуд, як зан талош дорад, мардеро боз дорад, ки духтарчаро латтукӯб мекунад.

Канали "Новости Кашкадарьи" дар паёмакрасони Телеграм навиштааст, ки он зан модарандари духтарчаи латтукӯбшуда аст.

Видеоро тағои духтарча сабт карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристодааст. Ӯ ҳангоми сабти навор мегӯяд, "ҳамаи хонаводаи шуморо ба зиндон мефиристам".

XS
SM
MD
LG