Ссылки доступа

Президенти Узбекистон ба Италия меравад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Италия Серҷо Маттарелла рӯзҳои 7-9 июн сафари расмиеро ба он кишвар анҷом хоҳад дод.

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ додааст, ки мулоқотҳои сатҳи олӣ дар Рум баргузор мешаванд. Қарор аст, Мирзиёев дар ҷараёни сафар бо Маттарелла ва сарвазир Ҷорҷ Мелонӣ мулоқот кунад.

Интизор меравад, дар вохӯриҳо "масъалаи густариши робитаҳои бисёрҷанбаи Узбекистону Италия ва ҳамкории ду кишвар дар самтҳои афзалиятнок” баррасӣ шаванд.

Барномаи кории сафари Мирзиёев дар Милан баргузор мешавад. Ӯ раҳбари Ломбардияро ба ҳузур пазируфта, дар мизи гирде бо иштироки роҳбарони ширкату созмонҳои Италия ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG