"Алтаев Н.Б. ҳангоми муовини вазири меҳнат ва баъдан вакили порлумони Қазоқистон будан мунтазам аз сардори раёсати палатаи миллии соҳибкорони "Отамакон" Аблай Мирзахметов дар ҳаҷми махсусан калон ришва гирифтааст", - омадааст дар иттилоияи хадамот.
Расонаҳо 7 июн хабар доданд, ки Хадамоти мубориза зидди фасоди Қазоқистон вакили пешини порлумон ва фаъоли маданӣ Нурҷон Алтаевро дар порагирӣ айбдор мекунад.
Тибқи иттилои тафтишот, ҳолатҳои ришвахорӣ дар солҳои 2018-2020 рух додааст. Гӯиё Алтаев "ба манфиати Мирзахметов амал карда, дар гирифтани фармоишҳои давлатӣ барои ширкати ӯ мусоидат менамудааст".
Расонаҳои қазоқистонӣ шоми 10 майи имсол хабар доданд, ки Мирзахметов дар доираи парвандаи фасодкорӣ дар ҳаҷми 30 млн доллар боздошт шудааст. Мирзахметов аз соли 2013 то моҳи феврали соли 2022 Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистонро роҳбарӣ кардааст.