Ссылки доступа

Барои ҳалли мушкили беобӣ дар Бишкек 500 млн сом лозим будааст


Дар порлумони Қирғизистон 8 июн норасоии об дар шаҳри Бишкек баррасӣ шуд.

Муовини шаҳрдори Бишкек Жиргалбек Шамиралиев, ки дар ин ҷаласа ҳузур дошт, гуфт, барои ҳалли мушкили норасоии об на камтар аз 500 миллион сом лозим аст.

Ба гуфтаи вай, ҳамчунин барои бузургтар кардани обанборҳои шаҳр замин ҷудо кардан лозим аст.

Чандин вакили порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи 7 июн хостанд, шаҳрдори Бишкек барои шарҳи сабабҳои норасоии об дар пойтахт ба порлумон даъват карда шавад. Вакили порлумони Қирғизистон Дастан Бекешев гуфт, мушкил се ҳафта мешавад идома дорад ва ягон чора андешида нашудааст.

Шаҳрдории Бишкек рӯзи 6 июн эълон кард, ки корхонаи "Бишкек-Водоканал" интиқоли обро ба нуқтаҳои мошиншӯӣ, ҳамомҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, марказҳои саломатӣ ва нуқтаҳои шустушӯи қолинҳо дар қисмати ҷанубии шаҳр муваққатан қатъ мекунад. Дар шаҳрдорӣ гуфтанд, ки ин кор ба хотири "истифодаи оқилона ва пешгирӣ аз камбуди оби ошомиданӣ" андешида шудаанд.

XS
SM
MD
LG