Ҷонибҳо дар мулоқот масъалаҳои мубрами рӯз ва самтҳои ояндадори ҳамкориҳои Қирғизистону Узбекистонро дар соҳаи тибби байторӣ баррасӣ намуданд. Ҳамчунин ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ тавассути рушди муштараки содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва гуштии ду кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.
Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ширкатҳои қирғизӣ ба Феҳристи воридкунандагони мол ба Узбекистон ворид карда шаванд.
Норқобилов гуфтааст, ҷониби Узбакистон омода аст, ба зудӣ корхонаҳои қирғизии истеҳсолкунандаи маҳсулоти ширӣ ва гуштиро ба феҳристи мазкур шомил намояд.
Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров моҳи марти имсол ба Узбекистон сафар карда, аз як қатор корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолии он кишвар дидан карда буд. Ду кишвар барои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, кишоварзӣ ва корхонаҳои муштарак “харитаи роҳ”-ро қабул кардаанд.