Ссылки доступа

Нафткашҳои Жанаозен аз натиҷаи гуфтугӯҳо бо мақомот розӣ нестанд


Кормандони пешини ширкати хидматрасонии нафти "BerAli Mangistau Company", ки ду моҳ аст, дар назди идораи "Озенмунайгаз" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон эътироз доранд, мегӯянд, гуфтугӯҳо бо намояндагони ҳукумат ва ширкати миллии "КазМунайГаз" бесамар аст.

Нафткашҳо гуфтанд, ба онҳо дар ширкате ҷои кор пешниҳод доранд, ки "таҷҳизоти куҳна дорад ва ҳуқуқи коргаронро ҳифзу риоя намекунад". Онҳо ба ин пешниҳод розӣ нестанд.

Як рӯз пеш расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки раиси вилояти Манғистау Нурлан Ногаев бо кормандони собиқи ширкати "БерАли Манғистау", ки аз моҳи апрел ба ин сӯ эътироз доранд, мулоқот кардааст. Дар вохӯрӣ намояндагони корхонаи "Озенмунайгаз" ва "КазМунайГаз" иштирок доштанд.

Даҳҳо сокини Жанаозен 10 май бо талаби ҷойи кор дар корхонаҳои нафти ин минтақа дар назди бинои шаҳрдорӣ гуруснанишинӣ эълом карда буданд. Пулис ҳамаи онҳоро боздошт карда, дертар гуфт, 17 нафар баъди "суҳбат" озод шуданд.

XS
SM
MD
LG