Ссылки доступа

Баҳси тоҷирон бо маъмурияти бозори марказии Турсунзода (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Аз масҷид то созишнома. Ҳосили сафари амири Қатар.​ Панҷ созишнома, нуҳ ёддошти тафоҳум ва як барномаи ҳамкорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Қатар – натиҷаи сафари давлатии Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Душанбе. Масҷиди калонтаринро дар Душанбе, ки бо сармояи Қатар сохта шудааст, низ ба истифода доданд. (видео)

- ​Баҳси тоҷирон бо маъмурияти бозори марказии Турсунзода.​Гуруҳе аз тоҷирон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода шикоят доранд, ки маъмурият бо талаби “ҳақ” монеи корашон шудааст. Дар идораи "Тоҷикматлубот”-и Турсунзода, ки бозор зери итоаташ ҳаст, шикояти тоҷиронро “беасос” номида, баръакс, баъзеи онҳоро ба саривақт надодани пули иҷора гунаҳкор карданд. (видео)

- Модар келини собиқро ба латукӯб муттаҳам кард.​ Баҳси як хонавода бо келини собиқ дар Файзобод, ки чанд сол боз идома дорад, то ба пулису додгоҳ рафта, ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтааст. Сабаби баҳс мисли аксар дигар ҷанҷолҳои хонаводагӣ манзили зист аст. (видео)

- Хуршед Фозилов гуфтааст, ки чаро гуноҳро ба дӯш гирифт.​Пайвандони рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов мегӯянд, ӯ зери фишори мақомот гуноҳи накардаашро ба дӯш гирифтааст. Додгоҳ Фозиловро ба узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор ва ба ҳафт сол зиндон маҳкум кард. Вакилони мудофеъ ва наздикони рӯзноманигор барои исботи бегуноҳии ӯ талош доранд. (видео)

- Ҷанҷоли оилавӣ боис ба марги як кас ва сарсонии 9 кӯдак шуд. Се узви як хонадонро дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар пайванд ба марги Сайёра Зоироваи 36-сола зиндонӣ кардаанд. Ҳукмро Додгоҳи ноҳия рӯзи 31-уми май баровард. Наздикони Сайёра Зоирова гуфтанд, ки аз ҳукм розиянд. Тарафи диагр эътироз дорад. (видео)

- "Фирори мағзҳо" аз Тоҷикистон ба Русия чӣ қадар зиён расонд? “Фирори мағзҳо” ё аз Тоҷикистон рафтани мутахассисон ба иқтисоди кишвар “қариб 80 миллиард доллар” зарар овардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Русия чунин мутахассисонро ба кишвари худ даъват мекунад ва шароити беҳтар медиҳад. (видео)

- Финляндия дар марз бо Русия девор месозад (видео)

- Паноҳҷӯёни афғон чаро боз ба назди Толибон бармегарданд? (видео)

- "Хоҳиш дорем, халқро гӯш кунанд." Баҳси сокинони як деҳа бо ҳукумат дар Фархор. Сарнавишти варзишгоҳи мактаби деҳаи "Навободи поён"-и Фархор сокинонро нигарон кардааст. (видео)

- Сабаби бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия чӣ аст? ​Видеову гузоришҳо дар бораи бадрафтории мақомоти интизомии Русия бо муҳоҷирони тоҷик хашми корбарону мақомоти Тоҷикистон ва баҳси зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Баҳси навбатӣ дар "Гапи озод" дар бораи сабабҳои афзоиши азияту озори муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст. (видео)

- “Муҳоҷирони тоҷик дар Русия пушту паноҳ надоранд”.​ “Муҳоҷирони тоҷик пушту паноҳ надоранд”; “аз ин манзара нигаронем”; “ҳангома сохтан аз рӯйи инсоф нест”... Вокуниши чанд сокини Душанбе ба навори боздошту латукӯби муҳоҷирони тоҷик дар Русия чунин аст. Видеоро бинед ва фикру назари худро нависед. (видео)

- Азияти муҳоҷирон дар Русия аз куҷо маншаъ мегирад? ​Боздошти дастҷамъии муҳоҷирони тоҷик дар Русия бештар ба як корзори сиёсӣ монанд аст. Ҳадафаш чист? (видео)

- Чаро тоҷиконро дар Русия "чап" гирифтанд? ​Тайи ҳафтаҳои охир тафтиш, боздошт ва латукӯбу ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст. Мақомоти Русия сабаби чунин бархӯрдро бо зодагони Тоҷикистон шарҳ намедиҳанд. Камаш се ниҳоди давлатии Тоҷикистон аз идораҳои масъули Русия хостаанд, ки қазияро баррасӣ кунанд, вале вазъ чандон дигар нашуда. (видео)

- Боздошти як гуруҳ аз муҳоҷирон дар Маскав.​ Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро дар як варзишгоҳ дар ноҳияи Можайскии пойтахти Русия дастгир кардаанд. Шарҳи расмии боздошти онҳо маълум нест. Назари муҳоҷирон низ. Расонаҳои Русия аз қавли мақомот навиштанд, ки боздошти муҳоҷирон шоми 28-уми май ва бар асоси муроҷиати сокинони маҳаллӣ сурат гирифт. (видео)

- "Тоқаев дар нишасти Москва чӣ гуфт? (видео)

- Дар Қазоқистон шумори қарздорони навъи ипотека меафзояд. (видео)

- Киштзорҳои деҳқонони Панҷакент дар баҳор хазон шудаанд.
Қисме аз деҳқонони шаҳри Панҷакент аз набудани об шикоят доранд. Дар мавзеи дашти Қозӣ ва Рукнободи Панҷакент, бо сабаби корношоям шудани пойгоҳҳои обкашонӣ, садҳо гекатар замин ташналаб мондааст. Гузориши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар ҳафтаи аввали моҳи май сабт шудааст (видео)

- Ҷазира мегӯяд, падараш даҳ сол ӯро таҷовуз кард. Як духтари 19-сола дар Қирғизистон мегӯяд, даҳ сол аз сӯйи падараш таҷовуз шудааст. Ҷазира (Жазира, ном иваз карда шудааст), ки тамоми ин муддат аз тарс ба касе лаб накушода буд, ба зидди падараш ба Додгоҳ шикоят бурд. Мардро рӯзи 25-уми май ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд (видео)

- Гуфтугӯ бо раҳбари пешини Маркази тоҷикони Узбекистон.
Донишманди узбекистонӣ Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ (Холмуъминов) мегӯяд, солҳои охир таълиму тарбия ба забони тоҷикӣ беҳбуд ёфт, вале ҳанӯз ҳам мушкил зиёд аст (видео)

- Аслиҳаи тактикии ҳастаии Русия дар куҷое аз Белорус ҷойгир карда мешавад (видео)

- Овозхон Тина Тернер фавтид. Вай бо чӣ меросе дар ёдҳо мондааст (видео)

- Остона сафири пешниҳодкардаи Киевро қабул накард. Оё Кремл дахолат кард? (видео)

- Чаро Қазоқистону Чин дар бораи шаҳрвандони худ табодули иттилоъ мекунанд? (видео РК)

- Мақомоти Қирғизистон талош доранд, бахши шаҳрвандиро зери назорат гиранд (видео)

- Мусоҳиба бо ҳамсари Баҳрома Ҳароев – ҳомии ҳуқуқи созмони "Мемориал", ки 14 сол зиндонӣ шудааст (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG