Ссылки доступа

Дар Остона ва Алмато дасти кам 14 фаъоли маданӣ дастгир шудааст


Ҳомии ҳуқуқи қазоқ Бахитҷон Торегожина рӯйхати фаъолонеро нашр кард, ки рӯзи 8 июн дар шаҳрҳои Алмато ва Остона дастгир шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, пулиси Алмато 5 фаъоли маҳаллӣ Асет Абишев, Бибигул Имангалиев, Кумис Кулманов, Бауирҷон Ахметов ва Сагадат Таукебаевро дастгир кардааст.

Дар Остона низ 9 нафар дастгир шудааст. Дар миёни онҳо Сейлхан Тусбеков, Мереке Нугманов, Элвира Бекзадина, Венера Жанабаева, Галия Тамабаева, Алишер Абураҳмонов, Бейбит Турсунов, Асел Онланбекқизӣ ва Муродхон Мерон ҳастанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Қазоқистон 8 июн фаъолонеро боздошт карданд, ки мехостанд дар рӯзи баргузории ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Остона тазоҳурот кунанд.

Пулиси шаҳри Алмато фаъолони мадании ҳаракати "Алга, Казахстан" Асет Абишев ва Бибигул Имангалиевро дар назди манзили зисташон дастгир кардааст. Фаъоли маданӣ Амонкелдӣ Жахин аз вилояти Акмолин низ хабар додааст, ки дар назди манзили зисти ӯ мошини пулис истодааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки фаъолони "Алга, Казахстан" барои баргузории тазоҳурот дар шаҳрҳои Остона, Алмато ва Петропавловск иҷозат хоста буданд, вале мақомот ба ҳамаи дархостҳо посухи рад доданд. Қарор буд, тазоҳурот рӯзҳои 8 ва 9 июн дар рӯзҳои баргузории ҳамоиши байналмилалӣ, ки бо ҳузури президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дар Остона ҷараён дорад, баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG