Ссылки доступа

"Юксалиш" роҳҳои аз байн бурдани шиканҷа дар Узбекистонро пешниҳод кард


Ҷунбиши умумимиллии "Юксалиш" дар Узбекистон баъди нашри хабарҳо дар бораи ҳалокати боздоштшудаҳо дар шуъбаҳои умури дохилии ин кишвар барои решакан кардани шиканҷа даҳ пешниҳод ироа кардааст.

Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки раҳбарияти Вазорати умури дохилии Узбекистон дар бораи рӯйдодҳои ахир ва нақшаи мушаххаси решакан кардани шиканҷа дар мақомоти корҳои дохилӣ маълумоти муфассал ироа намояд.

Ҳамчунин низоми ба кор кабул кардан, омода намудан ва бозомузии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ислоҳ карда шавад.

Вазорати умури дохилии Узбекистон ва ниҳодҳои дахлдори ин кишвар то ҳол ба пешниҳодҳои мазкур вокуниш накардаанд.

XS
SM
MD
LG