Ссылки доступа

Пули миллии Қирғизистон "дар ояндаи наздик" дар дохил чоп мешавад


Қирғизистон дар ояндаи наздик пулҳои миллии худро дар дохил чоп хоҳад кард.

Ин нуктаро раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 9 июн зимни суханронӣ дар як чорабинии расмӣ баён доштааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир барои шуруи чопи пулҳои миллӣ дар дохили он кишвар корҳо идома дошта, таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ шудааст.

"Мо онро ҳатман ба кор медарорем", - афзудааст президенти Қирғизистон.

Ҷабборов дар оғози сол гуфта буд, ки Қирғизистон шиноснома ва пули миллии худро мустақилона чоп мекунад ва ин кор ба буҷаи давлати он кишвар дасти кам 3 миллиард сом фоида меорад.

XS
SM
MD
LG