Ссылки доступа

Дар марзи Қазоқистон бесарнишинҳоеро мусодира карданд, ки ба Русия интиқол меёфтанд


Мақомоти Қазоқистон бастаи бесарнишинҳоеро мусодира карданд, ки ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Русия интиқол дода мешуданд.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллии Қазоқистон, бастаи иборат аз 14 бесарнишини навъи DJI AgrasT30, ки арзиши умумиашон қариб 16 млн рубли русиро ташкил медод, ҳангоми интиқол додан дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон мусодира шудааст. Бесарнишинҳоро ширкати қирғизистонии "Импульс-Инвест" мехост, тавассути Қазоқистон ба Русия расонад. Расман ин бесарнишинҳо барои ширкати сохтмонии "Нова" интиқол дода мешуданд.

"Импульс-Инвест" наздики 14 ҳазор рубли русӣ ҷарима шудааст. Мақомоти Қазоқистон бесарнишинҳоро мусодира кардаанд.

Ба иттилои Бюрои миллии омори Қазоқистон, дар соли 2022 ин кишвар бо арзиши 5 млн доллар бесарнишин ворид карда, бо арзиши 1,23 млн доллар ба Русия бесарнишин содир кардааст.

Нашрияи "Важные истории" охири моҳи майи соли ҷорӣ навишт, ки Қазоқистон барои Русия бесарнишин ва чип харидорӣ мекунад. Ширкатҳои қазоқистон байни Чину Русия миёнарав ҳастанд ва маҳсулотеро харидорӣ мекунанд, ки ба далели таҳримҳо Русия наметавонад онро мустақиман харидорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG