Ссылки доступа

"Ҷой танг аст, шароит бад." Шикояти муҳоҷирони боздоштшуда дар Русия


Муҳоҷироне, ки дар амалиёти пулиси Русия дар як моҳи охир боздошт шудаанд, аз шароити бади нигаҳдориашон шикоят доранд.

Чанде аз онҳо рӯзи 9-уми июн бо фиристодани навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки панҷуми июн дар шаҳраки Котелникии Маскав дастгир шуданд.

"Ҷойи нигаҳдории мо танг аст ва шароит бисёр бад. Обаш ҳам хунук," -- нақл кардааст яке аз муҳоҷирон дар навор.

Дар як моҳи охир садҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия боздошту латукӯб ва ҷаримаву ихроҷ шудаанд.

Ба назар мерасад, амалиёти зидди муҳоҷирон дар Котелникии вилояти Маскав андаке коҳиш ёфта, аммо дар Санкт-Петербург ҳанӯз идома дорад.

Баъзе аз муҳоҷирон хабар доданд, ки пулис маҳалли кор ва ҷойи хоби онҳоро тафтиш мекунад.

Мақомоти Русия боздошти муҳоҷиронро тафтиши маъмулӣ номидаанд, ки бар пояи шикояти сокинони бумӣ сурат гирифта.

Намояндагони баъзе аз идораҳои расмии Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ дар Русия хостаанд, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол накунанд.

Дар Русия ба таври расмӣ ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Ин афрод, ки ба далели бекорӣ ва камии маош дар кишвар ба Русия рафтаанд, пайваста аз фишори пулис ва фиреби корфармоён шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG