Ссылки доступа

Муҳаммадкарим - рӯзноманигори зиндонии қазоқистонӣ гуруснашиниро бас кард


Думан Муҳаммадкарим - рӯзноманигори қазоқистонӣ, ки бо айби "вайрон кардани қонуни баргузории гирдиҳамоиҳо" 25 рӯз зиндонӣ аст, аз гуруснашинӣ даст кашидааст.

"Ҳамаи талабҳои вай амалан иҷро шуданд. Ҷомеа аз рӯзноманигор хост, ки гуруснашиниро қатъ кунад. Вай гуфт, ки ба ҳарфи ҷомеа гӯш медиҳад", - гуфт Галим Нурпеисов, вакили мудофеи рӯзноманигор.

Субҳи 12 июн вакили мудофеъ гуфта буд, ки вазъи сиҳатии Муҳаммадкарим бад шуда, ёрии таъҷилиро ба маҳбас даъват кардаанд.

Пулиси Қазоқистон Думан Муҳаммадкаримро 28 майи имсол боздошт кард. Пеш аз боздошти 28 май Муҳаммадкарим дар ҳабси маъмурӣ буд ва рӯзи 26 май озод шуд.

"Замоне ки вай дар боздошт буд, дар ютубканалаш чанд навор нашр шудааст. Дар яке аз он наворҳо гӯё вай ба "гирдиҳамоӣ" даъват кардааст", - гуфта буд вакили мудофеъ дар шарҳи боздошти рӯзноманигор.

Муаллифи саҳифаи ND дар YouTube Думан Муҳаммадкарим барои вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоӣ ду бор ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, 25 рӯз дар ҳабс буд.

XS
SM
MD
LG