Ссылки доступа

Дар Доктринаи нави низомии Қирғизистон пешниҳоди шомилсозии мафҳуми "хушунати хориҷӣ"-ро кардаанд


Ин пешниҳод рӯзи 13 июн дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Қирғизистон аз сӯи вазири корҳои хориҷии он кишвар Жээнбек Кулубоев садо додааст.

"Мо (дар вазорат) ин доктринаро омӯхтем ва ба ин назарем, ки дар он бояд ҳатман мафҳуми "хушунат" ё "хушунати хориҷӣ" шомил карда шавад. Зеро, шумо дар хотир доред, ки соли 2021 ва соли 2022 чи рух дод. Аз ҳамин хотир вокуниши мо нисбати хушунат бояд дар доктрина шомил карда шавад", - гуфт вазири корҳои хориҷии Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки ҷаласаи Шӯрои амниятро роҳбарӣ мекард, пешниҳоди вазири хориҷии кишварашро қабул кардааст. Пеш аз шуруъи ҷаласа Ҷабборов гуфт, ки "аз ҳама гуна низоъ метавон пешгирӣ кард ё онро бо роҳҳои дипломатӣ метавон ҳал кард". "Мо дар сиёсати хориҷиву дохилиамон пойбанди ин усул ҳастем. Ҳамзамон вақте нисбати мо хушунати мусаллаҳона сурат мегирад, шаҳрвандони мо кушта мешаванд, манзилҳои мо оташ мегиранду тахриб мешаванд, мо наметавонем биншинему тамошо кунем. Мо омодаем, ба ҳар хушунаткоре посух диҳем", - гуфт Ҷабборов.

Дар бораи таҳияи Доктринаи низомии Қирғизистон моҳи майи соли 2022 хабар дода буданд. Моҳи сентябри соли 2022 дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон яке аз даргириҳои бесобиқа сурат гирифт. Он замон аз ҷониби Қирғизистон 63 ва аз ҷониби Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ 41 кас кушта шуд. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ он замон навишт, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар низои моҳи сентяб 81 кас кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG