Айнур Трайсбоева, намояндаи гуруҳи ризокорон гуфт, ҷамъоварии маҳсулот суръат гирифтааст.
"Ба мо маҳсулоте даркор аст, ки муҳлати нигаҳдориашон тӯлонӣ бошад. Мо бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ машварат кардем, онҳо ваъдаи кӯмак доданд", - гуфт вай.
Оташ дар ҷангалҳои вилояти Абайи Қазоқистон аз ҳафтаи гузашта шуруъ шуд. Айни замон аз марги 15 кас дар ин оташсӯзӣ хабар расидааст.